Ба гузориши агентсии иттилоъотии «Абно», Масъуд Пезешкиён дар маросими қабули эътимодномаи «Ёсир Абд аз-Заҳра ал-Ҳаҷҷоҷ» сафири нави Ироқ дар Теҳрон, ба ӯ барои давраи вазифааш муваффақият таманно кард, бар умқи муносибатҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ироқ таъкид намуда, гуфт: Муносибатҳои ду кишвар фаротар аз робитаҳои муқаррарии байни ду ҳамсоя буда, бар пояи пайвандҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ, динӣ ва тамаддунӣ устувор аст ва халқҳои Эрону Ироқ сарнавишт, манфиатҳо ва ормонҳои муштарак доранд; пайванде, ки ҳеҷ омил ва сарҳаде қодири гусастани он нахоҳад буд.
Президент бо ишора ба қобилиятҳои васеъи минтақа ва ҷаҳони ислом, изҳор дошт: Минтақаи мо аз неъматҳо ва иқтидорҳои нодири инсонӣ, табиӣ ва иқтисодӣ бархурдор аст ва агар кишварҳои минтақа, хусусан кишварҳои исломӣ, ҳамкориҳо ва ҳамбастагиҳои худро дар чаҳорчӯби манфиатҳои муштарак васеъ гардонанд, метавонанд ояндае бар пояи сулҳ, амният, сарват, пешрафт ва рушди устувор барои миллатҳои худ ба вуҷуд оранд.
Пезешкиён бо таъкид ба зарурияти амиқгардонии ҳамкориҳои минтақавӣ илова кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон бар рушд ва васеъ гардонидани муносибатҳо бо Ироқ ва кишварҳои дигари минтақа дар бахшҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ, технологӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва мардумӣ таъкид дорад ва бовар дорад, ки таҳкими ин ҳамкориҳо метавонад ба намунаи муваффақи ҳамбастагии минтақавӣ ва ҳамкории байни кишварҳои исломӣ табдил ёбад.
Президент идома дода, бо ишора ба маросими бузург ва таърихии ташкии пешвои шаҳиди Эрон дар Ироқ, ин ҳузури васеъ ва бесобиқаи мардумиро зоҳири равшани пайвандҳои амиқи эҳсосӣ, эътиқодӣ ва фарҳангии ду миллат тавсиф карда, гуфт: Ин ҳамдилӣ ва ҳамраҳӣ барои бисёре аз назоратгарон ва қудратҳои хориҷӣ тасаввурнопазир буд ва нишон дод, ки сармояи иҷтимоӣ миёни халқҳои Эрону Ироқ сармояи бебадал барои рушди муносибатҳои дуҷониба ва таҳкими ҳамбастагии минтақавӣ мебошад. Умедворем, ки метавонем роҳ ва ормонҳои он шаҳиди бузургро дар самти таҳкими иттиҳод, рушди ҳамкориҳо ва бунёди минтақаи пурқудрат, амин ва перафта идома диҳем.
Президент бо ишора ба масъулияти сафири нави Ироқ дар рушди муносибатҳои дуҷониба, изҳор дошт: Интизор меравад, ки дар давраи вазифаи Шумо, муносибатҳои барҷастаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ироқ дар ҳама соҳаҳо беш аз пеш амиқ гардида, заминаҳои нав барои ҳамкорӣ ва табодули байни ду кишвар фароҳам ояд.
Your Comment